Хадамоти "Максим" тренди пойтахтӣ ба таксии экологиро дар шаҳрҳои музофотии Тоҷикистон ҷорӣ намуд

Хадамоти "Максим" тренди пойтахтӣ ба таксии экологиро дар шаҳрҳои музофотии Тоҷикистон ҷорӣ намуд

Ширкат ташаббуси қонунгузории вобаста ба автопарки хадамоти таксӣ дар Душанберо дастгирӣ кард Дар шаҳрҳои ҳузурдоштааш ҳиссаи мошинҳои барқиро то 45% расонида, садоқати худро ба стандартҳои эколонӣ қайд кард.

Навсозии автопарк қисми тренди глобалӣ ба экологӣ, инчунин ҷавоб ба талаббуси давлатии экологии кишвар гардид. Тибқи қарор, ҳамаи хадамоти такси дар Душанбе бояд пурра аз автомобилҳо бо муҳаррикҳои дарунсӯхт ба электрокарҳо гузаранд. Ин гузариш бояд ба 1 сентябри соли 2025 ба анҷом расад. Тренди пойтахтиро хадамоти «Максим» ба шаҳрҳои ҳузурдоштааш — Хуҷанд ва Бӯстон овард.

Қадами мазкур якчанд бартариятҳои асосӣ дорад. Аввалан, ин барои ба таври назаррас кам кардани хароҷоти ронандагон ба сӯзишворӣ, ки рӯз аз рӯз гарон шуда истодааст, имкон медиҳад. Дуввум, гузариш ба электромобилҳо ба ҳолати муҳити атроф таъсир мекунад, ки хусусан барои шаҳрҳои калон бо сатҳи баланди ифлосшавии ҳаво муҳим аст.

«Мо мефаҳмем, ки оянда — электромобилҳост. Ин на танҳо экологӣ буда, вале барои ҳамкорон-ронандагони мо низ аз ҷиҳати иқтисод муфид аст. Фахр мекунем, ки ба беҳтаршавии ҳолати экологӣ дар Хуҷанд ва Бӯстон ҳиссагузор гардида, тенденсияи ҷаҳонӣ ба истифода аз технологияҳои экологиро дастгирӣ карда метавонем,» — қайд кард роҳбари хадамоти «Максим» Суҳроб Ниёзов.

Дар пешнамо, ҳангоми васеъшавии ҷуғрофияи ҳузу доштан, ширкат пайгирӣ ба трендро давом медиҳад, то ки стандартҳои муосири хизматҳо на танҳо ба сокинони пойтахт, вале ба муҷозот низ дастрас бошанд.

有用的

标题